НавМодели v4 акнун тоҷикиро бо эҳсос мехонад
← Ҳамаи дарсҳо

11 ноября 2026 г. · 4 дақ. хондан

Рилс бо овози AI дар 5 қадам

Аз сценарий то MP3 дар 10 дақиқа: чӣ тавр барои Instagram видеои кӯтоҳ бо овози тоҷикӣ созем.

1. Сценарияи кӯтоҳ нависед

Рилси хуб 20–40 сония аст. Ин тақрибан 300–500 аломат мешавад. Сатри аввал бояд дар 2 сония диққатро ҷалб кунад: савол, рақами ногаҳонӣ ё ваъда.

2. Овозро интихоб кунед

Барои рилс овозҳои пурэнергия мувофиқанд: Зарина ё Фирдавс. Барои ҳикояи ором Нигина ё Комрон. Ҳар овозро дар саҳифаи «Овозҳо» гӯш кунед.

3. Эҳсос илова кунед

Дар ҷои лозимӣ тегҳо гузоред, масалан [шодмон] дар аввал ва [пичир-пичир] пеш аз сир. Ё тугмаи «Тегҳои худкор»-ро пахш кунед, то онҳо худ гузошта шаванд.

4. Рақамҳоро натарсед

«2026», «$50» ва «20%» худкор бо калима хонда мешаванд. Номҳои хоричиро дар «Луғати талаффуз» як бор ислоҳ кунед.

5. MP3-ро ба видео гузоред

Файлро зеркашӣ кунед ва дар CapCut ё Instagram ба видео гузоред. Модели v4 Turbo нисф кредит сарф мекунад, ва барои кашидани чанд вариант мувофиқ аст.

Ҳозир худатон санҷед

Ба студия

3 дақ. хондан

Чӣ тавр овози худро клон кунем

3 дақ. хондан

Тегҳои эҳсос: овоз бо ҳиссиёт

Рилс бо овози AI дар 5 қадам — Bisoz